Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағгузории маркази хизматрасонии иҷтимоии кӯдакони маълул дар Хоруғ шурӯъ кард.

Муовини раиси вилоят Шамсиддин Орумбеков дар маросими ба маблағгузории буҷавӣ гузаштани ин марказ изҳор дошт, ки мақомот ҳифзи иҷтимоии кӯдакони маълулро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст. Барои фаъолияти марказ дар ним соли оянда қарор аст, 136 ҳазор ва минбаъд ҳамасола наздик ба 300 ҳазор сомонӣ аз буҷа масраф шавад.

Ба гуфтаи роҳбари марказ Камол Шанбезода, шуруи маблағгузории буҷавӣ ба фаъолияти маркази кӯдакони маълули «Нур», ки дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошт, ҷон бахшидааст. Шуруи маблағгузории буҷавӣ имконият фароҳам сохтааст, ки 21 нафар мутахассис ва ёрирасонҳо ба кор ҷалб ва нигоҳубини кӯдакони маълул беҳтар шавад.

Вай афзуд, ки ба кӯдакон аз рӯи чаҳор намуди фаъолият, аз ҷумла кумаки тиббӣ, омӯзиши педагогӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва равонӣ, хизмат расонда мешавад.

Омӯзгори марказ Мевагул Шамирова мегӯяд, ки қаблан марказ фақат бо ҷалби маблағи созмонҳои байнулмиллалӣ фаъолият мекард ва таъсири бӯҳрони молиявӣ ҳолатеро ба вуҷуд овард, ки мутахассисон маҷбур ба тарки касб шуданд. Вай изҳор дошт, ки ӯ низ маҷбур шудааст, ки якуним соли дар бозор машғули тиҷорат шавад.

Ба гуфтаи омӯзгори равоншинос Шодигул Мавлоназарова, бинобар дар хонаводаашон ба воя расидани шахси маълул вай ба мушкилот ва ниёзи маълулон ошноӣ дошта, бо ҳисси ҳамдардӣ дар марказ ба омӯзгорӣ пардохтааст ва дар лаҳзаҳои мушкилтарин низ онро тарк накардааст. Ва маблағгузории буҷавӣ ҳавасмандиашро ба кор афзудааст.

Лайло Нафасшоева, модари як кӯдаки маълул, изҳор дошт, ки вай бинобар банд будан ба кор дар муассиса дар фикри пайдо намудани парастор барои писараш буд, аммо бо густариши имконияти марказ алҳол хушҳол аст, ки писарашро низ ба таълим фаро гирифтанд. Вай гуфт, волидайн аз муҳити зебо ва мусоид барои таълими кӯдакон дар марказ қаноатманд ҳастанд.

Аммо ба гуфтаи равоншиноси марказ, модари як кӯдаки маълул кафолат талаб кардааст, ки фарзандашро барои ворид шудан ба донишгоҳ омода созанд, дар акси ҳол вай аз кори марказ қаноатманд нахоҳад буд.

Ба гуфтаи роҳбари марказ, агарчи онҳо то ба дараҷаи довталаби донишгоҳи давлатӣ омода намудани маълулон оҷизанд, аммо кудакон алҳол аз ҷиҳати шароитҳои таълимиву иҷтимои пурра таъмин ҳастанд. Вай баён дошт, ки марказ дар ҳамкорӣ бо бунёди Евразия ҳамчунин иҷрои як лоиҳаро рӯи даст гирифтааст, ки ҳадафи он касбомӯзии кӯдакони маълули аз 14 то 18-сола аст.

Роҳбари марказ афзуд, ки дар доираи лоиҳа духтарон пазандагиву дӯзандагӣ ва писарон - таъмир намудани пойафзолро ёд мегиранд.
Вай изҳори нигаронӣ намуд, ки аммо алҳол марказ имконият дорад, ки танҳо даҳ дарсади шумори кӯдакони маълули минтақаро ба омӯзишу парвариш фаро гирад. Вай гуфт, ки теъдоди кӯдакони маълум дар Бадахшон ба бештар аз 600 ва дар маркази вилоят наздик ба 300 нафар мерасад.

Масъулини мақомоти вилоят мегӯянд, ки барои тавсеаи фаъолияти марказ ва таъсиси шӯъбаҳои он дар ноҳияҳо кумак мерасонанд. Ин маркази кӯдакони маълул дар Бадахшон чанд сол қабл бо ибтикори Ташкилоти Ҷамъиятии вилоятии «Нур» ва маблағгузории инфиродии шаҳрвандони хориҷи кишвар, ба шумули Бритониё, Амрико ва Канада бунёд ёфта, бо кумаки созмонҳои байнулмиллали бо таҷҳизоти фаннӣ ва таълими муҷаҳҳаз гардидааст.

Роҳбари маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ Бурибек Бурибеков эҳё ва рушди маркази кӯдакони маълули минтақаро намунаи ҳамкории самарбахши ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байнулмиллалӣ ва мақомот арзёбӣ намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG