Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози додситони кул аз ҳукми Додгоҳи олӣ, басташавии «Черкизбозор» ва кандани муҷассамаи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дар Самарқанд .

Ҳафтаномаи «Фараж» менависад, эътирози Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон аз ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати 31 нафар аз ҳамроҳони Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қонунгузории кишвар сухани охирро ба Додгоҳи олӣ вогузор кардааст.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кул, зимни як нишасти хабарӣ ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба 31 нафар кормандони корхонаи кимиёи шаҳри Исфараро ғайриқонунӣ ва беадолатона арзёбӣ кард. Ҳафтаномаи «Фараж» аз қавли оқои Бобоҷонов менависад, дар ҳоле, ки қонунгузорӣ мӯҳлати ҷазоро кам пешбинӣ мекунад, Додгоҳи олӣ ба тариқи ғайриқонунӣ афроди муттаҳамро ба муддати тӯлонитар равонаи зиндон кардааст.

Нашрияи «Озодагон» дар матлабе аз муваққатан баста шудани бозори мавсум ба «Черкиз»-и Маскав, ки дар он беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекарданд, истиқбол кардааст. Ин ҳафтанома навиштааст, ки аз 10 ҳазор тоҷике, ки дар ин бозор кор мекарданд, танҳо 1000 нафар тоҷир ва боқимонда 9000 ба корҳои пасте, чун аробакашиву ахлотғундорӣ машғул буданд, ки қисми зиёди онҳо дар бадтарин шароит ба сар мебурданд.

"Озодагон" менависад, ки ҳамин бозору ҳамин шароити бади муҳоҷирон буд, ки тоҷикон дар байни русҳо ба қишри назарногир бадал шуда, мавриди тамасхури русҳо қарор гирифтаанд. Ин нашрия менависад, ки маҳз ин бозор вожаи тоҷикро дар Русия муродифи вожаи аробакаш кардааст ва бастани он ба манфиати миллат аст.

«Озодагон» ҳамчунин мусоҳибаеро бо Мирзохӯҷа Низомов, яке аз фармондеҳони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни тоҷик ва раиси пешини Кумитаи гумруки Тоҷикистон, ба нашр расонидааст, ки ахиран мақомоти фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав ба ӯ иҷозаи вуруд ба Русия надодаанд. Ва як шабонарӯз ӯро бидуни кадом шарҳу тафсир дар боздоштгоҳи муваққатии фурӯдгоҳ нигоҳ дошта, баъдан иҷборан ба ҳавопаймои самти Душанбе савор карда, ба ватан фиристодаанд. Мирзохӯҷа Низомов ба «Озодагон» гуфтааст, ки ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти рус чаро ӯро нагузоштаанд, ки вориди Маскав шавад.

«Озодагон» дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки марказии фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон маҳсуб мешавад, ягона муҷассамаи поягузори адабиёти классики тоҷик Абуабдулоҳи Рӯдакиро кандаанд. «Озодагон» аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳукумат ва коршиносону адибони тоҷик ба ин амали мақомоти узбак ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодаанд.

Нашрияи «Пайкон» дар матлабе бо унвони «Сангак бародар-раҳнамо!» масъалаи барандохтани пайкараҳои Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов ва Раҳмон Мурчаев, фармондеҳони Фронти халқӣ дар вилояти Хатлонро ба баҳс кашидааст.

Ин нашрия менависад, назарҳои сокинони вилояти Хатлон сари барандохтани ин ҳайкалҳо гуногун аст, ва бархе тарафдори мондан ва бархе ҷонибдори кандани онҳо мебошанд. «Пайкон» менависад, бо ин вуҷуд, ки аз замони оғози баҳс барои барандохтани ҳайкалҳои фармондеҳони Фронти халқӣ як сол гузаштааст, мақомоти Хатлон ҳанӯз сари барандохтани ин пайкараҳо тамсмими ҷиддие нагирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG