Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зелая истеъфои сарони табаддулотро тақозо кард


Мануэл Зелея-раиси ҷумҳури барканоршудаи Ҳондурас мегӯяд, вай интизор дорад, ки дар 24 соати оянда раҳбарони низомии табаддулоти моҳи гузаштаи ин кишвар истеъфои худро эълон мекунанд ва вай дубора ба қудрат бармегардад. Вай барои ширкат дар музокироти имрӯз бо рақибони худ вориди Коста Рика шудааст. Ин музокирот бо миёнҷигарии Оскар Ариас-раиси ҷумҳури Коста Рика баргузор мешавад. Зелая гуфтааст, вай дар музокирот мавзеъгирии худро ҳифз хоҳад кард ва танҳо дар бораи бозгашташ ба мақом музокира анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG