Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои артиши Чин дар кӯчаву хиёбонҳои Урумчӣ


Нерӯҳои артиши Чин дар маркази вилояти Шинҷон дар шаҳри Урумчӣ ба кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр баромадаанд. Дар ин шаҳр дар давоми се рӯзи нооромиҳо беш аз 150 нафар кушта шуданд. Лӣ Жӣ-раҳбари кумунистҳои Урумчии Чин гуфтааст, ҳар касе, ки барои қатли 156 нафар дар нооромиҳои миёни аҳолии туркзабони уйғур ва чиноиҳои қавми Ҳан дар Урумчии вилояти Шинҷон муттаҳам дониста мешавад, ба муҷозоти эъдом маҳкум хоҳад шуд. Рӯзи чаҳоршанбе чархболҳо бар фарози ин шаҳр парвоз мекарданд ва варақаҳо мепартофтанд. Дар ин варақаҳо аз аҳолӣ даъват мешавад, оромиро риоят кунанд ва аз хонаҳояшон берун наоянд.
XS
SM
MD
LG