Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӣ-8 барои музокирот ба Эрон 3 моҳ вақт дод


Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон барои пешбурди музокироти ҳастаӣ ба Эрон 3 моҳ мӯҳлат медиҳанд. Оқои Саркозӣ афзуд, агар то моҳи сентябр дар ин замина пешрафте ҳосил нашавад, ин масъала дар мулоқоти раҳбарони Ҷӣ-20 баррасӣ хоҳад шуд. Никола Саркозӣ ин суханонро дар шаҳраки Аквилаи Италия дар мулоқоти Ҷӣ-8 изҳор дошт. Дар ин мулоқот ҳамчунин ба таври алоҳида аз саркӯбии эътирозкунандагони зидди натиҷаҳои зидду нақизи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон изҳори нигаронӣ карданд. Имрӯз раҳбарони кишварҳои дар ҳоли рушд низ ба музокирот дар бораи гармоиши сайора ба раҳбарони Ҷӣ-8 ҳамроҳ мешаванд.
XS
SM
MD
LG