Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди президенти Сурия аз Озарбойҷон


Боздиди Башор ал Аасад-раиси ҷумҳури Сурия аз Озарбойҷон идома дорад. Вай барои боздиди дурӯзаи расмӣ дирӯз вориди Боку-пойтахти ин кишвар шуд. Дар остонаи ин боздид матбуоти Сурия навишт, ки ҳадафи ин боздид тавсеаи равобити иқтисодиву сиёсии миёни ин ду кишвар аст. Ҳафтае пеш Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил аз Озарбойҷон боздид карда буд. Бад-ин тариқ Боку мехоҳад нишон диҳад, ки дар сиёсати хориҷии худ тавозунро ҳифз мекунад.
XS
SM
MD
LG