Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи сипоси Саркозӣ ва Карзай ба Қурмонбек Боқиев


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз номи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ва аз номи Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса номаи сипос дарёфт кард. Онҳо ба раҳбари Қирғизистон изҳори сипос кардаанд, ки иҷоза додааст, то нируҳои Амрико аз пойгоҳи Манас ҷичати ҳамлу нақли колои ғайринизомӣ барои нируҳои зиддитеррор дар Афғонистон истифода кунанд. Саркозӣ гуфтааст, "Қирғизистон нақши худро ба унвони тарафи ҳамкор барои таъмини суботи вазъ дар Афғонистон собит сохт". Карзай ба ҳукумат ва мардуми Қирғизистон барои ҳамрайӣ бо мардуми Афғонистон изҳори сипос кардааст.
XS
SM
MD
LG