Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони бонки бузурги Қазоқистон барканор шуданд


Раҳбарияти бузургтарин бонки Қазоқистон тағир ёфт. Жомарт Ертаев-раиси Бонки Евразия ва Алексей Агеев-муовини вай аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дар нишасти хабарии Алмаато Кайрат Бекетов-яке аз муовинони раиси бонк гуфт, Шӯрои Мудирони бонк вайро раиси иҷроии ин бонк интихоб кардаанд. Аммо Ертаев гуфтааст, ки вай бо тасмими Ожонси назорат бар умури молӣ розӣ нест ва кори нодурусте дар ин мақом содир накардааст. Аммо ожонси мазкур мегӯяд, ки Ертаев ва муовини вай дар солҳои 2002-2007 даст ба амалиёти нодурусти молӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG