Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ба мушкили камбуди об дучор мешавад


Фозил ал Фараҷӣ-вазири кишоварзии Ироқ ҳушдор додааст, ки бо вуҷуди боришоти зиёд ин кишвар ба камбуди ҷиддии об рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва Ироқ бахше аз заминҳои киштро аз даст хоҳад дод. Ал Фараҷӣ гуфтааст, обанборҳои Сурияву Туркия дар рӯдхонаҳои Тигр ва Ефрот ва идораи заъифи умури обёрӣ ва кишт ба биёбоншавии Ироқ замина гузоштааст. Ба гуфтаи вазири кишоварзии Ироқ, хокбориши рӯзҳои ахири Ироқ гувоҳи тавсеъаи биёбонҳост.
XS
SM
MD
LG