Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 кушта дар Покистон


Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, ки дар паи ҳамлаи мушакии ношиноси амрикоӣ дар шимолуғарби Покистон дасти кам 40 ҷангӣ кушта шуданд. Дар давоми ду рӯзи охир дар водии Вазиристони Ҷанубӣ, маҳалли таҳти контроли Байтулло Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон се таркиши ҷудогона ба қайд расидааст.
Сухангӯи низомӣ генерал-майор Атҳар Аббос дар як нишасти матбуотии Исломобод гуфт, ки низомиён маълумоти қобили эътимоде дар ихтиёр доранд, ки дар ҳодисаи дигар Мавлоно Файзулло, як раҳбари дигари Толибон маҷрӯҳ шудааст, аммо тафсилоти ин ҳодиса дар даст нест. Файзулло дар дую ним соли охир дар водии Свот раҳбарии Толибонро ба ӯҳда дошта дар ин минтақа қонуни шариатро ҷорӣ кардааст. Оқои Аббос гуфт, ки маълум нест оё Мавлоно Файзулло зинда аст ё мурда.
XS
SM
MD
LG