Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти G-8 баъд аз зуҳри имрӯз шурӯъ шуд


Раҳбарони ҳаштгонаи кишварҳои санъатии ҷаҳон мавсум ба G-8 имрӯз дар шаҳри бар асари зилзила осебдидаи Лакуиллаи Итолиё нишасти серӯзаи худро шурӯъ карданд. Қарор аст раҳбарони чанд кишвари дар ҳоли тавсеа низ ба кори ин нишаст фардо ҳамроҳ шаванд. Аммо раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао баъди боздиди дурӯза аз Итолиё зуд ба ватан баргашт. Бозгашти ӯро бо нооромиҳои вилояти шимолуғарби Шинҷон вобаста мекунанд, ки мунҷар ба марги 156 нафар шудааст.
Дар изҳороти дигар мизбони нишасти G-8 нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ гуфт, ки нӯҳ раҳбари кишварҳои африқоӣ ва созмонҳои имдодрасон шоҳиди шурӯи як ташаббуси тозаи амнияти ғизоӣ ба маблағи 10-15 миллиард доллар хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG