Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдид ба марг дар Чин барои ошӯбҳо


Раҳбари ҳизби коммунисти Урумчӣ гуфт ҳукумат ҳамаи онҳоеро, ки дар паси ошӯбҳои ахири шаҳри марказии вилояти Шинҷон қарор доштанд, ба ҳукми марг маҳкум хоҳад кард. Лӣ Жӣ имрӯз дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки Урумчӣ баъди чанд рӯзи пурхушунат имрӯз орому мӯътадил буд. Вай гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ хиёбонҳоро таҳти назорат қарор додаанд. Хушунатҳо боиси он шуд, ки раиси ҷумҳурӣ Ҳу Ҷинтао сафари кӯтоҳмуддати худро ба Итолиё қатъ карда аз ширкат дар нишасти гурӯҳи кишварҳои санъатии ҷаҳон мавсум ба G-8 худдорӣ варзад.
Имрӯз вазири амнияти ҷамъиятии Чин Менг Чиянжу дар муроҷиат ба артиш ва полиси Урумчӣ рӯйдодҳои Шинҷонро як муқовимати сиёсӣ қаламдод кард. Вай гуфт:

"Ҳамаи шумо медонед, ки ин ҳодиса кори дасти нафаронест, ки дар фикри низоъ ҳастанд ва решаҳои он амиқан сиёсӣ мебошад. Ин даргириҳо миёни ҷудоихоҳон ва нирӯҳои зиддишӯришӣ ба миён омад ва ин як муборизаи идомаёбандаи сиёсӣ мебошад".

Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлу дар масаъалаи бархӯрд бо ошӯб ва эътирозгарон Чинро ба хештандорӣ даъват кард ва афзуд, ки Анкара наметавонад дар нисбати сарнавишти уйғурҳои минтақа бетафовут бошад.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз ҳама ҷонибҳои даргир даъват кард аз хештандорӣ кор гиранд. Вазорати хориҷаи Русия имрӯз бо пахши изҳороте гуфт, ки даргириҳо дар як вилояти Чин сирф кори дохилии мақомоти Чин мебошад.
XS
SM
MD
LG