Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби мушаки дуюм болои Толибони Вазиристон


Мақомот Покистон мегӯянд, ки болои як қароргоҳи тамринии Толибон дар шимолуғарби ин кишвар имрӯз аз ҷониби як ҳавопаймои ношиноси амрикоӣ мушаки дуюме партоб шудааст. Ин мушак чанд ҷангиро ба ҳалокат расонд. Як мақоми покистонӣ гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар Вазиристони Ҷанубӣ, паноҳгоҳи муҳими як раҳбари Толибон бо исми Байтулло Маҳсуд рӯй дод. Шумори қурбониҳо феълан мушаххас нест. Эҳтимолан мушак як корвони Толибонро ҳадаф қарор медод. Як ҳамлаи шабеҳи ин субҳи имрӯз дар ҳамин минтақа шаш ҷангиро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG