Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведеву Меркел дар Олмон


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ҳафтаи оянда дар Олмон бо садри аъзам Ангела Меркел дидору мулоқоте анҷом хоҳад дод. Ҳукумати Олмон гуфт, ки ду раҳбар рӯзи 16 июл дар Мюнҳен мулоқот хоҳанд кард. Дар ин нишаст масоили ҷилавгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра ва бӯҳрони иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд. Вазирони ҳарду ҳукумат ҳам дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Баргузории ингуна мулоқоти раҳбарони Олмону Русия соле як бор ба ҳукми анъана даромадааст.
XS
SM
MD
LG