Пайвандҳои дастрасӣ

Юдҳоёно раҳбарии Индонезиро идома медиҳад


Раиси ҷумҳурӣ Сисило Бамбанг Юдҳоёно ба назар мерасад дар паи интихобот барои мӯҳлати дуюми раёсатҷумҳурии панҷсолаи Индонезӣ сари қудрат боқӣ мемонад. Пурсишҳои баъди раъйдиҳӣ нишон медиҳад, ки оқои Юдҳоёно бо беш аз 50 дар сади раъйҳо пешсафи мусобиқот аст ва ин имкон медиҳад, ки ӯ аз ширкат дар марҳилаи дуюми раъйдиҳӣ сарфи назар кунад. Рақибони ӯ раиси ҷумҳурии собиқ Мегаватӣ Сикарнапутрӣ ва муовини раиси ҷумҳурӣ Юсуф Калла бо 26 ва 16 дар сади овозҳо мутаносибан баъди ӯ қарор гирифтаанд. Ҳукумати Юдҳоёно дар даҳ соли гузашта Индонезияро ба сулҳу эътидоли сиёсӣ оварда дар ин муддат дар ин кишвар нишондодҳои беҳтарини иқтисодӣ ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG