Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакии ҳавопаймои амрикоӣ дар Покистон


Мақомоти хадамоти ҷосусии Покистон мегӯянд, ки болои як қароргоҳи тамринии Толибон дар шимолуғарби ин кишвар имрӯз аз ҷониби як ҳавопаймои ношиноси амрикоӣ мушак партоб шудааст. Ин дуюмин ҳамлаи эҳтимолии мушакии амрикоӣ аст, ки дар чанд рӯзи охир дар Вазиристони Ҷанубӣ партоб мешавад. Дар ҳодисаи имрӯза ҳудудан шаш ҷангии эҳтимолӣ кушта шуданд. Вазиристони Ҷанубӣ як паноҳгоҳи ҷангиёни Байтуллоҳ Меҳсуд, як раҳбари Толибон мебошад. Рӯзи сешанбе як мушаки эҳтимолии амрикоӣ 16 ҷангии муттаҳамро дар минтақа ба ҳалокат расонд. Дар ҳамин ҳол дар шаҳри шимолуғарбии Пешавари Покистон як бомбгузори маргталаб дар наздикии истгоҳи полисе худро мунфаҷир кард. Касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG