Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Амрико шояд ба таҳрими бештари Эрон даъват кунад"


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки дар сурати ноком шудани сиёсати Кохи Сафед барои мулоқот бо Теҳрон, Вашингтон ба таҳримҳои бештари Эрон даъват ба амал меорад. Клинтон ҳамчунин гуфт, ки бо назардошти саркӯби ахири эътирозгарон дар Эрон баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар моҳи июн шояд, ки барномаҳои ҳамоиши Амрикову Эрон ба ҳам хӯрад. Изҳороти хонум Клинтон шоми сешанбе дар сӯҳбат бо телевизиони Венесуэла садо дод. Дар ҳамин ҳол як афсари аршади нирӯҳои амрикоӣ гуфт, ки фурсати музокира бо Эрон барои баррасии барномаи ҳастаии ин кишвар аз даст меравад. Адмирал Майк Мӯллен, раиси ситоди муштараки нирӯҳои амрикоӣ гуфт хеле муҳим аст, ки қабл аз ба аслиҳаи ҳастаӣ даст ёфтани Эрон ва ё мавриди ҳамлаи мушакии Исроил ё Амрико қарор гирифтани барномаи ҳастаии он аз иқдоми сареъ кор гирифта шавад. Ҳафтаи гузашта раиси нави Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ Юкия Амано гуфт, ки вай далели қотеъ надорад, ки Эрон дар андешаи дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ бошад. Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст, ки гӯё дар андешаи эҷоди бомбаи атомӣ бошад.
СММ Эронро се дафъа барои саркашиаш аз хатми фаъолиятҳои ғанисозии ураниум таҳрим кардааст.
XS
SM
MD
LG