Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар мавриди Эрон фурсат аз даст меравад"


Афсари аршади нирӯҳои амрикоӣ гуфт, ки фурсати музокира бо Эрон барои баррасии барномаи ҳастаии ин кишвар аз даст меравад. Адмирал Майк Мӯллен, раиси ситоди муштараки нирӯҳои амрикоӣ гуфт хеле муҳим аст, ки қабл аз ба аслиҳаи ҳастаӣ даст ёфтани Эрон ва ё мавриди ҳамлаи мушакии Исроил ё Амрико қарор гирифтани барномаи ҳастаии он аз иқдоми сареъ кор гирифта шавад. Ҳафтаи гузашта раиси нави Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ Юкия Амано гуфт, ки вай далели қотеъ надорад, ки Эрон дар андешаи дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ бошад.
XS
SM
MD
LG