Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Чин сафарашро ба Итолиё қатъ кард


Раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао, ки барои ширкат дар нишасти G-8 ба Итолиё рафта буд, маҷбур шуд дар паи идомаёбии ошӯбҳо дар минтақаи шимолуғарби кишвараш сафарашро қатъ карда ба ватан баргардад. Задухӯрдҳои миёни аққалиятҳои уйғур ва чиниҳои маҳаллӣ дар рӯзҳои гузашта мунҷар ба ҳалокати 156 нафар ва ҷароҳати беш аз ҳазор кас шудааст. Ҳоло дар Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон қуюди шабгардӣ ҷорӣ аст. Имрӯз дар Урумчӣ задухӯрдҳои бештару эътирозҳои хурд ба мушоҳида расидааст, вале дар маҷмӯъ имрӯз шаҳр ором буд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз ҳама ҷонибҳои даргир даъват кард аз хештандорӣ кор гиранд. Вазорати хориҷаи Русия имрӯз бо пахши изҳороте гуфт, ки даргириҳо дар як вилояти Чин сирф кори дохилии мақомоти Чин мебошад.
XS
SM
MD
LG