Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вориди Итолиё шуд


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама баъди анҷоми боздидаш аз Русия вориди Итолиё шуд. Дар Итолиё вай дар кори нишасти раҳбарони кишварҳои пешрафтаи иқтисодии G-8 ширкат мекунад. Дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Маскав Обама ва раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ва интиқоли борҳои нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон аз хоки Русия тавофуқ ҳосил карданд. Инчунин дар Маскав нахустин мулоқоти Обама бо нахуствазири Русия Владимир Путин баргузор шуд. Рӯзи сешанбе дар нутқи калидии худ раҳбари Амрико гуфт, ки ИМА ва Русия "ҳатмӣ нест, ки рақиб бошанд" ва ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба даъват ба амал овард. Инчунин ҳангоми мулоқот бо раҳбарони мухолифини Русия ва фаъолони ҳуқуқи башар вай ба ҳокимияти қонун ва риояи арзишҳои демократӣ таъкид кард. Обама тааҳҳуд кард, ки равобити ба сардӣ гароидаи миёни Маскаву Вашингтон дар аҳди раиси ҷумҳурии пешини Амрико Ҷорҷ Буш дубора барқарор мешавад.
XS
SM
MD
LG