Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Бадахшон сокини ноҳияи Рӯшон Озодбек Хосабековро барои таҳқири намояндаи ҳокимият ба маблағи 2500 сомонӣ товон баст.

Додгоҳ Озодбек Хосабековро айбдор кард, ки додгустари ноҳияро дар утоқи корияш таҳқир кардааст. Аммо маҳкумшуда мегӯяд, касеро таҳқир накардааст ва ҳукми додгустар аз рӯи ғарази шахсӣ бароварда кардааст.

Хосабеков гуфт, "барои оғози парванда суханони додгустар асос шудаанд, ки «гуё ман ӯро «ҳайвон » гуфта бошам, вале баръакс ман бо ҳисси ноқаноатмандӣ аз поймолшавии адолати додгоҳӣ дар робита бо баррасиии як парванда, ки дар он ба ҳайси ҷабрдида ширкат дорам, ба додгустар гуфтам, ки мақомоти додгоҳӣ ба корафтодагон ба мисли ҳайвон муносибат мекунад».

Вакили мудофеъ Алоуддин Меҳмонов бинобар мавҷуд набудани шоҳидони холис даъвои додгустари ноҳияро беасос ва исботнашуда ва ҳукми додгоҳро ғайримунсифона мешуморад.

Вай ҳукми додгоҳро дар асоси баёноти додгустар ва котиба, ки гӯё дар паси дар суханони айборшавандаро шунидааст, бинобар тарафи манфиатдор буданашон ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.

Аммо додгустари додгоҳи вилоятӣ Халил Холиқов мегӯяд, ки бинобар ҷой доштани ҳодисаи таҳқири намояндаи ҳокимияти саввум нисбати абдоршаванда ҳукм содир гардидааст.

Ба гуфтаи Хосабеков, вай бо ҳисси норизоият аз баррасии парвандаи қаблӣ дар додгоҳи ноҳиявӣ хостори изҳори нобоварӣ ба додгустари ноҳия шудааст. Вай афзуд, ки «аммо додгустари ноҳия аз рӯи мақоли «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» амал намуда, бо истифода аз ваколат ва аз рӯи ғараз ба мақсади ба намоиш гузоштани симои даъвогари «ҷанҷолӣ» пешдастӣ намудааст ва суханононашро ба таври дигар таъбир намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷеъ шудааст».

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, онҳо нисбати ҳукми додгоҳи вилоятӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд. Акнун Додгоҳи олӣ бояд муайян кунад, ки маҳкумшуда воқеан киро таҳқир кардааст - додгусари ноҳияро ва ё худ ва корафтодагони зиёдеро, ки аз сатҳ ва ҷараёни баррасии парвандаҳо дар додгоҳҳои минтақа қаноатманд намебошанд.

Дар ҳамин ҳол сокинони ноҳияи Ишкошим изҳор доштанд, ки зиёда аз 5 моҳ додгустари ноҳия дар ҷойи кор ҳозир набудааст ва пас аз чанд рӯзи аз худ дарак додан боз ба манзури бозомӯзӣ озими марказ шуда, ҳолати мавҷуд баррасии парвандаҳои додгоҳиро дар ноҳия ба мушкилот дучор намудааст.

Ба иттилои як манбаъ, дар додгоҳи вилоятӣ ҳамчунин як додгустари ин додгоҳ, ки тайи як сол ҳукми зиёда аз 5 парвандаи баррасигардидааш бекор шудаанд, ахиран ба мақоми муовини раиси додгоҳи вилоятӣ таъин гардидааст.

Парвандаи муттаҳам шудани Озодбек Хосабеков дар мавриди таҳқири намояндаи ҳокимият ва аз тарафи даъвогар ба ҷавобгар табдил ёфтанаш дар ҷараёни баҳси додгоҳии дигар байни вай ба ҳайси роҳбари як ширкати бинокорӣ ва шӯъбаи сохтмони асосии мақомоти вилоятӣ зуҳур карда, барасии баҳси қаблӣ акнун ба додгоҳи ноҳияи Шуғнон ҳавола шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG