Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми нахустин Бозиҳои наврасони Осиё


Нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки дар Сингапур баргузор шуданд, 7-уми июл ба анҷом расиданд.

Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзишҳои майдонӣ, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои обии варзиш тӯли 9 рӯз идома карданд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи ин бозиҳо таҳкими равобити варзишӣ миёни наврасон, инчунин, тамосҳои ҳамаҷониба дар риштаҳои фарҳангу маориф ва омодагӣ ба аввалин Бозиҳои олимпии наврасон мебошад, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор хоҳанд шуд.

Дар нахустин Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур ба иллати камбуди маблағ танҳо ду варзишгари ҷавони тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат карданд. Атобоев дар давидан ба масофаи 100 метр ҷои чорумро касб кард».

Ба гуфтаи Раҷабалиев, дар ҷараёни Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур, ҳамчунин, ассамблеяи Шӯрои олимпии Осиё барпо гашт.

Дар ассамблея ҷараёни омодагиҳо ба мусобиқоти бузурги солҳои 2009-2012 баррасӣ шуд. Аз ҷумла, мизбонони дуввумин давраи Бозиҳои кишварҳои исломӣ моҳи октябри соли равон дар Эрон, Бозиҳои осиёии соли 2009 дар иншооти сарпӯшида дар Вйетнам, 16-умин давраи Бозиҳои осиёии соли 2010 дар шаҳри Гуанчжоуи Чин дар бораи ҷараёни омодагиҳо ба ин бозиҳо иттилоъ доданд.
XS
SM
MD
LG