Пайвандҳои дастрасӣ

$40 миллион кӯмаки БОР ба Тоҷикистон


Ҳаруҳико Курода, раиси Бонки Рушди Осиё (БРО)

Ҳаруҳико Курода, раиси Бонки Рушди Осиё (БРО)

Бонки Осиёии Рушд (БОР) хабар додааст, ки барои дастгирии барномаҳои иҷтимоии Тоҷикистон 40 миллион доллар кӯмаки бебозгашт кардааст.

Ин ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ гуфтааст, ки ин маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард, то барномаҳои иҷтимоии худро иҷро кунад. Ба ин барномаҳо ҳамчунин пардохти дастмузд, ёрӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, харидории хӯрокӣ ва дору дохил мешавад.

Бонки Осиёии Рушд ишора кардааст, ки пайомадҳои бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ахиран торафт бештар эҳсос мешавад. Бар асари пойин рафтани нархи ду манбаи аслии даромади Тоҷикистон - алмюминиюм ва пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои мардикорони тоҷик аз хориҷ воридоти буҷаи ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Бонки Осиёии Рушд яке аз ниҳодҳои байнулмилалии кӯмаккунандаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз соли 1998 то ба имрӯз ин бонк ба Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллар кӯмак кардааст.

Ахиран ин бонк эълон кард, ки дар солҳои 2009-2010 зимни барномаҳои гуногун барои Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG