Пайвандҳои дастрасӣ

Дарси ошноӣ бо ислом дар мактабҳои Тоҷикистон


Бино ба навиштаи матбуот, аз оғози соли нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши фани нав, яъне дарки ислом ё ошноӣ бо ислом шуруъ мешавад. Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон хабар додааст. Китоб дар бораи ин фан дар охири моҳи август аз чоп мебарояд ва он ба 1310 солагии Имоми Аъзам ихтисос хоҳад дошт. Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ соли Имоми Аъзам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG