Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаводорон бо Майкл Ҷексон видоъ карданд


Дирӯз дар кохи варзишии Степл Сентри Лос Анҷелес маросими видоъ бо Майкл Ҷексон баргузор шуд. Тобути бо тилло тазйиншуда ва бо гулҳо орододашудаи Ҷексонро, ки 25-ӯми июн даргузашта буд, ба кохи варзишӣ оварданд. Смоукӣ Робинсон-овозхон ва навозандаи машҳури Амрико маросимро ифтитоҳ кард ва паёмҳои таслияти Даяна Рос ва Нелсон Манделларо қироат кард. Дар маросими мотам дӯстону хешовандони Ҷексон хотираҳои худро ҳикоят карданд. Дар поёни маросим Парис-духтари 11-солаи Майкл Ҷексон бо аммааш Ҷанет Ҷексон назди тобут омад ва дар ҳоле, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ буд, гуфт, "беҳтарин падар буд, ки шумо тасаввур мекунед, ман мехоҳам бигӯям, ки хеле дӯсташ медоштам".
XS
SM
MD
LG