Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санади нав дар бораи Манас ба тасвиб расид


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон қарордоди наверо ба имзо расонд, ки тибқи он Амрико метавонад дар оянда пойгоҳи низомии Манаси Қирғизистонро барои ҳамлу нақли колои ғайринизомӣ истифода кунад. Алмаз Турдумаматов-сухангӯи раиси ҷумҳур гуфтааст, Боқиев ин санадро 2-юми июл имзо кардааст ва онро порламони Қирғизистон ба иттифоқи оро ба тасвиб расондааст. Ин ягона пойгоҳи низомии Амрико дар Осиёи Марказист. Ҳар моҳ тақрибан 15 000 сарбоз ва 500 тон икмолот дар роҳ ба Афғонистон ё аз Афғонистон тавассути ин пойгоҳ мегузаранд.
XS
SM
MD
LG