Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муллен: Ҳисоби вақт барои Эрон шурӯъ шудааст


Дарёсолор Майк Муллен-раиси ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки барои Эрон ҳисоби вақт шуруъ шудааст ва ақрабаки соат ба ҳаракат даромадааст. Ба гуфтаи вай, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои қатъи барномаҳои ҳастаиаш ё ба музокира шуруъ мекунад ва ё ба имкони ҳамлаи низомӣ Исроил ё Амрико дучор мешавад. Аммо ҳафтаи гузашта Юкио Амано-раиси нави Ожонси Байналмиллалии Энержии ҳастаӣ гуфт, вай ҳеҷ далели ҷиддӣ намебинад, ки Эрон битавонад аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG