Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳу Ҷинтао дар мулоқоти Ҷӣ 8 ширкат намекунад


Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин аз ширкат дар мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-8 дар шаҳраки Аквилаи Италия даст кашид, зеро дар шаҳри Урумчии вилояти Шинҷони кишвараш дар натиҷаи нооромиҳои ахир 156 нафар кушта, бештар аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар охири ҳафтаи гузашта миёни уйғурҳо ва чиноиҳои Ҳан задухӯрд сурат гирифт. Мақомот барои барқарории суботи вазъ дар ин шаҳр қуюди шабгардӣ эълон карадаанд. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико аз ҳар ду ҷониб хост хештандорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG