Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Ҷӣ-8 дар Италия оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Аквилаи Италия мулоқоти раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи-8 ё 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ба кор оғоз мекунад. Ин мулоқот се рӯз давом хоҳад кард ва масъалаи бӯҳрони сартосарии молӣ дар садри дастури рӯзи ин мулоқот хоҳад буд. Аквила шаҳракест, ки дар моҳи апрел дар натиҷаи зилзила ба хок яксон шуда буд. Дар остонаи ин мулоқот попи Рум Бенидикти 16 аз раҳбарони кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон дархост кард, ки роҷеъ ба низоми молӣ муқаррароти ҷиддӣ эълон кунанд. Раҳбарони кишварҳои дар ҳоли рушд рӯзи панҷшанбе ба раҳбарони Ҷӣ-8 мепайванданд. Бино ба гузоришҳо, Бразилия, Чин ва Ҳиндустон аз дархости Русия, ки узви Ҷӣ-8 мебошад ҷонибдорӣ кардаанд. Дархости Русия ин аст, ки ба ҷои доллар пули наве ба унвони пули ҷаҳонӣ вордии муомилот шавад.
XS
SM
MD
LG