Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳияти додситонӣ бештар ё Ожонси зидди ришвахорӣ?


Бобоҷон Бобохонов-Додситони Кулли Тоҷикистон мегӯяд, ислоҳоте, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Маҷлиси Намояндагони порламон дар Қонун дар бораи ниҳодҳои додситонӣ ба тасвиб расонд, ба Қонуни Асосӣ мутобиқат намекунад ва ғайриқонунӣ мебошад. Бобохонов дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳорот дод. Тибқи хабарҳо, ислоҳоти мазкур рӯзи
30-юми апрел бидуни баррасӣ дар порламон ба тасвиб расидааст. Тибқи ислоҳоти ворида Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо ришвахории Тоҷикистон акнун салоҳият дорад бар зидди кормандони додситонӣ барои ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Бар хилофи Бобохонов баъзе намояндагони порламон ба матбуот гуфтаанд, ки тасвиби ин модда дар қонун имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мубориза бар зидди ришвахорӣ қавитар шавад.
XS
SM
MD
LG