Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори ислоҳоти СММ шуд


Попи Рум Бенедикти 16 хостори ислоҳоти СММ ва сохторҳои молиявии байнулмилалӣ шуд. Дар энтсиклик – паём ба афроди худоҷӯ Попи Рум навиштааст, ки зарурати ислоҳоти СММ ба миён омадааст ва ин ниҳод бояд ба мушкилоти халъи силоҳ, мубориза бо гуруснагӣ ва ҳифзи муҳити зист машғул шавад. Бенедикти 16 ҳамчунин аз тақсими муайяни бархе аз боигариҳои олам ба хотири аз байн бурдани нобаробариҳои иҷтимоӣ ва кумак ба афроди ниёзманд низ ҷонибдорӣ кардааст. Паёми Попи Рум дар арафаи нишасти сарони кишварҳои 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар Италия нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG