Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Обама бо фаъолони мухолифини Русия


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз дар Маскав бо намояндагони мухолифини ҳукумат мулоқот мекунад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин нишаст раҳбари Ҷабҳаи Муттаҳидаи шаҳрвандӣ Гаррӣ Каспаров, ҳамраиси ҷунбиши “Ҳамрайъӣ” Борис Немсов, сиёсатмадори мустақил Владимир Рижков ва дигар фаъолони мухолифин ширкат мекунанд.
Аз ин пеш Барак Обама дар форуми ҷомеъаҳои шаҳрвандии Русия ва Амрико ширкат дошт. Ӯ зимни суханронӣ дар Мактаби олии иқтисодии Русия дар Маскав гуфт, "ИМА манфиатдор аст, ки Русия кишвари нерӯманд, сулҳхоҳ ва шукуфон бошад". Обама афзуд, ки Русия ва Амрико манфиатҳои умумии зиёд дорад, ки миёни онҳо - ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо терроризм ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиро метавон ном бурд.
Барак Обама афзуд, ки демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи башар – арзишҳои умумибашариянд ва ИМА аз ин арзишҳо дифоъ хоҳад кард. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Амрико системи идории худро болои ягон кишвари дигар таҳмил карданӣ нест.
Раисиҷумҳури ИМА дар дуввумин рӯзи сафари расмияш ба Русия бо сарвазири ин кишвар Владимир Путин ва раисиҷумҳури собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв дидору гуфтугӯ дошт.
XS
SM
MD
LG