Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба ҳодисаҳои ахири Шинҷон


Хушунат ва даргириҳо дар вилояти мусалмоннишини Шинҷони Чин таваҷҷӯҳи мардуми уйғуртабори Қирғизистонро ҷалб кардааст.

Акбар Баудинов, сардабири нашрияи уйғурии «Иттифоқ», мегӯяд, ки дар Урумчӣ як гурӯҳ ҷавонони фарҳангдӯст даст ба намоиши сулҳҷӯёна зада буданд. Ба гуфтаи Акбар Баудинов, ҳукумати Чин дар муқобили ин намоиши сулҳҷӯёна пулиси саропо мусаллаҳи худро фиристод, ки бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва беш аз якуним ҳазор мардуми уйғуртабор мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

Сардабири нашрияи «Иттифоқ» мегӯяд, ки дар ин шабонарӯз роҳҳо ба самти марзи вилояти Шинҷони Чин ба рӯи уйғуртаборони Қирғизистон баста аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин имкони даст ёфтан ба иттилоот аз Урумчӣ низ мушкилоти зиёд эҷод кардааст.

Дилмурод Акбаров, раиси созмони ҷамъиятии «Иттифоқ», ки мардуми уйғуртабори Қирғизистонро муттаҳид намудааст, низ мегӯяд, ки намоиши сулҳомези як гурӯҳ сокинони Урумчӣ пулиси ин кишварро ба муқобили мусалмонони Чин барангехт.

Ба гуфтаи раиси созмони уйғурҳои Қирғизистон, сиёсате, ки режими коммунистии Чин пиёда мекунад, маҳз сиёсати миллатгароёна аст. Дилмурод Акбаров афзуд, дар акси ҳол ин намоиш ба даргириҳои мусаллаҳона табдил намеёфт ва тазоҳургарони уйғуртабори Шинҷон ба ҳалокат намерасиданд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Қирғизистон бо пахши як изҳорот зикр намудааст, ки 26 июн дар корхонаи тавлиди лухтаки шаҳри Шаогун, воқеъ дар Ҷануби Чин, бар асари як моҷаро 120 нафар захмӣ шудаанд, ки 89 нафари онҳо сокинони Шинҷон будаанд. Ин манбаъ меафзояд, ки ду захмии моҷарои Шаогун ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба изҳороти сафорати Чин, Робия Қодир, ки раёсати «Конгресси байналмилалии уйғурҳо»-ро бар дӯш дорад, тавассути интернет уйғурҳои Шинҷонро ба тазоҳуроти густурда алайҳи ҳукумат даъват кардааст.

Дар изҳороти сафорати Чин ҳамчунин таъкид шудааст, ки моҷарои 26 июн як амали қаблан тарҳрезишуда мебошад, ки нерӯҳои беруна бо дасти уйғурҳои Шинҷон анҷом додаанд.

Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ» ё «Шамъи аср», Ҷумҳурии мардуми Чинро кишвари диктотуриву худкома арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Азиза Абдурасулова, уйғурҳо аз ҷиҳати нуфус аз қирғизҳо бартарӣ доранд, вале онҳо мисли қирғизҳо аз озодиҳои шаҳрвандӣ бархурдор нестанд ва соҳиби Қонуни асосӣ низ намебошанд.

Як корманди вазорати хориҷаи Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки таҳаввулоти Шинҷони кишвари Чин таҳти пажӯҳиш қарор дорад. Ин манбаъ афзуд, баъди натиҷагириҳо вазорати хориҷаи Қирғизистон мавқеъи худро дар робита ба таҳаввулоти Шинҷон расман эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG