Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Урумчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд


Дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин, қуюди шабгардӣ эълон шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз чиноиҳои маҳаллӣ бо истифода аз сангу калтак ба тахриби мағозаҳои уйғурҳои маҳаллӣ шурӯъ карданд. Полис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурд.
Намоишҳои эътирозӣ дар Урумчӣ алайҳи сиёсати ҳукумат ва бартарии чиноиҳо дар иқтисоди минтақа рӯзи якшанбе шурӯъ шуданд. Бар асари саркӯбсозии намоишҳо дасти кам 156 нафар, асосан уйғурҳо, кушта шуда ва беш аз 800 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар робита ба тазоҳуроти рӯзи якшанбе беш аз 1400 нафар боздошт шудаанд. Ахиран мақомоти маҳаллӣ намоиши эътирозии занони уйғур бо талаби раҳоии боздоштшудаҳоро пароканда карданд. Мақомоти Чин дар ташкили нооромиҳо созмонҳои уйғурҳои мустақар дар хориҷи кишвар ва ифротгароҳои исломиро муттаҳам мехонанд. Ва аммо созмонҳои уйғурҳои берун аз Чин ин иттиҳомро рад карда, Пекинро дар саркӯбсозии тазоҳуроти осоишта ва куштори мардуми маҳаллӣ айбдор намуданд.
XS
SM
MD
LG