Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА мехоҳад Русия нерӯманд ва шукуфон бошад


ИМА манфиатдор аст, ки Русия кишвари нерӯманд, сулҳхоҳ ва шукуфон бошад. Ба ин нукта Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни суханронӣ дар Мактаби олии иқтисодии Русия дар Маскав таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Амрико манфиатҳои умумии зиёд доранд, ки миёни онҳо - ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо терроризм ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиро метавон ном бурд.
Барак Обама ҳамчунин гуфт, ки демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи башар – арзишҳои умумибашариянд ва ИМА аз онҳо дифоъ мекунад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки Амрико системи идории худро болои ягон кишвари дигар таҳмил карданӣ нест.
Раисиҷумҳури ИМА дар дуввумин рӯзи сафари расмияш ба Русия бо сарвазири ин кишвар Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард. Интизор меравад, ки Обама имрӯз бо раисиҷумҳури собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG