Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон макони дарозумрӣ, қаноатмандии мардум аз зиндагӣ, обу ҳавои тоза ва рӯҳияи хуш эълон шудааст.

«Happy Planets» ё «Сайёраи Хушбахт» таҳти ин унвон ахиран як ширкати бритониёии мавсум ба «New economics» феҳрасти кишварҳои хушбахттарини ҷаҳонро дар соли 2009 интишор кардааст.

Хушбахтии ҳудудан 143 кишвар дар ин рӯйхат дар асоси 3 меъёр, яъне дарозумрӣ, қаноатмандии мардум аз сатҳи зиндагӣ ва вазъи зистмуҳитии
Агар сухан дар бораи бекорӣ ва маоши мардум равад дар Тоҷикистон сатҳи зиндагӣ хеле паст аст. Дар мавриди дарозумрӣ ҳам Тоҷикистон дар қатори аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойҳои поёнӣ қарор дорад...
онҳо, арзёбӣ шудааст.

Мақоми аввал ва унвони хушрӯзтарин кишвари ҷаҳон дар феҳрасти «Сайёраи хушбахт» насиби Коста Рика шуда, кишварҳои пешрафтае мисли Олмону Шветсия, Ҳолланд ва Белгия бо сабабҳои зиёни саноаташон ба муҳити зист дар зинаҳои поинтари ин феҳраст ҷо гирифтаанд.

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин қатор аз лиҳози хушбахтӣ дар ҷойи 114-ум қарор гирифтааст.

Хабари хуш барои Тоҷикистон дар ин пажӯҳиш ин аст, ки исмаш дар феҳрасти кишварҳои хушбахттарин ҷаҳон зикр шудааст. Тоҷикистон дар байни кишварҳои шӯравии пешин дар феҳрасти «Сайёраи Хушбахт» дар мақоми 34–ум, пештар аз Узбакистону Қирғизистон ва Русия, ки зинаи охирин насибашон гаштааст, қарор дорад.

Аммо оё Тоҷикистон ба кадоме аз ин меъёрҳои кишварҳои хушбахти ҷаҳон бештар мувофиқ аст?

Музаффар Олимов, як ҷомеашиноси тоҷик, зимни сӯҳбат дар ин мавзӯъ гуфт, бар асоси назарсанҷиҳое, ки аз сӯи онҳо гузаронида шудааст, Тоҷикистон феълан ба ҳеҷ яке аз ин меъёрҳои кишвари хушбахт чандон мувофиқ нест.

Вай афзуд, «агар сухан дар бораи бекорӣ ва маоши мардум равад дар Тоҷикистон сатҳи зиндагӣ хеле паст аст. Дар мавриди дарозумрӣ ҳам Тоҷикистон дар қатори аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойҳои поёнӣ қарор дорад. Аз ҷиҳати экологӣ, азбаски аксари кулли корхонаҳое, ки бар зарари экология кор мекунанд аз кор мондаанд, ин нишондиҳанда ҳам барои Тоҷикистон чандон муҳим нест. Бо ин вуҷуд баъзе партобгоҳҳо мисли уран дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон аст ва дар он ҷойҳо вазъи эколожӣ ҳам хеле бад аст».

Ба гуфтаи ҷомеашиноси тоҷик, меъёри қаноатмандии сокинони кишвар аз сатҳи зиндагӣ ба Тоҷикистон аслан мувофиқат намекунад. Ва як паҳлуи дигари мавзӯъ ҳам ин аст, ки Тоҷикистон як кишвари хеле ҷавон аст ва тахминан 70 дарсади мардуми он то 30-сола аст. Нафарони аз 65-сола боло ҳудуди 3 то 5 дарсадро ташкил медиҳанд. Яъне аз ҷиҳати дарозумрӣ ҳам ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳрасти хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон шубҳаовар аст.

Феҳрасти ширкати «New economics» дар бораи сатҳи хушбахтии кишварҳои ҷаҳон ҳарсола пахш мешавад ва дар гузориши соли гузашта Тоҷикистон дар байни беш аз 140 кишвар ҷойи 25-умро гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG