Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати сарони мухолифин барои раҳоии эътирозгарон


Раҳбарони мухолифини Эрон аз мақомоти кишвар хостанд, ки афроди ҳангоми намоишҳои эътирозӣ боздоштшударо раҳо кунанд. Ин даъват аз сӯи ду номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн - Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Карубӣ ва раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммад Хотамӣ садо дод. Мақомоти Эрон рӯзҳои намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи президентӣ садҳо тан аз тазоҳургарон - фаъолони сиёсӣ, ислоҳотталабон ва хабарнигоронро боздошт кардаанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар интихобот раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шудааст ва аммо мухолифин иддао доранд, ки мақомоти интихоботӣ зимни баршумурдани раъйҳо аз тақаллуб кор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG