Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати се сарбози Эътилоф дар суқути чархбол


Суқути як чархбол дар Афғонистон мунҷар ба ҳалокати ду сарбоз аз Канада ва як низомии бритониёвӣ шуд. Дар ин ҳодиса ду сарбозии канадагӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилоъи низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ, чархбол чанд лаҳза баъд аз парвоз аз пойгоҳи низомӣ дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ба замин уфтодааст. Сабабҳои суқути чархбол таҳқиқ мешавад ва аммо рӯшан аст, ки он ҳадафи ҳамла қарор нагирифтааст.
Рӯзи душанбе бар асари инфиҷорҳо ва аз зарби тир 7 низомии Эътилоф кушта шуданд. Ба иттилоъи низомиён, чанд нафар аз тамриндиҳандагони низомии Амрико дар инфиҷори бами роҳ дар вилояти Қундуз кушта шудаанд. Як инфиҷори дигари бами рӯи роҳ дар ҷануби Афғонистон боиси ҳалокати 2 низомии дигар шуд. Боз як сарбози амрикоӣ дар шарқи Афғонистон аз захми бардоштааш дар задухурдҳои рӯзи душанбе аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG