Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристон 12 мусаллаҳи толиб кушта шуданд


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари мушакандозии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дасти кам 12 нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи хадамоти кашфи кишвар, ҳамаи кушташудагон – мусаллаҳони мухолифи ҳукуматанд. Гуфта мешавад, ки як пинҳонгоҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар Вазиристони ҷанубӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ин чаҳорумин зарбаи мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба пойгоҳҳои фармондеҳи “Толибон” дар минтақа Байтуллоҳ Меҳсуд дар ду ҳафтаи ахир аст. Дар ҳамин ҳол артиши Покистон амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони Меҳсудро идома медиҳад. Мақомоти Покистон гурӯҳи Байтуллоҳ Меҳсудро дар ташкили чанд ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла, сӯиқасд ба ҷони сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто муттаҳам мехонанд.
XS
SM
MD
LG