Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо нафар дар Урумчӣ, пойтахти вилояти мусулмоннишини Шинҷони Чин пас аз ҳалокати 156 нафар ва захмӣ гаштани 800 тан дар ин шаҳр аз нав ба хиёбонҳо баромаданд.

Ба камияш 200 нафар дар хиёбонҳо бо нерӯҳои интизомии Чин вориди даргирӣ шуданд ва ин ҳам дар ҳоле ки дар робита ба ошӯбҳои рӯзи якшанбе дар Урумчӣ зиёда аз 1400 нафар боздошт шудаанд.

Чандин хабарнигори хориҷӣ, ки мақомоти шаҳр онҳро ба дидани бозору хонаҳои тахрибшуда буданд буданд, шоҳиди тазоҳуроти имрӯза шуданд.

Эътирозҳо ҳамчунин ба минтақаҳои берун аз Урумчӣ низ дома паҳн кардаанд. Хабаргузории расмии Ксинхуа менависад, полис шоми рӯзи душанбе чандсад тазоҳуркунандаро дар шаҳри Қошағр пароканда кард.
XS
SM
MD
LG