Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дирӯз 7 амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд


Дирӯз маргбортарин рӯз барои нируҳои Амрико дар Афғонистон буд. Дар инфиҷорҳо ва аз зарби тир 7 нафар аз нируҳои Амрико кушта шуданд. Сухангӯи низомиёни Амрико мегӯяд, чанд нафар аз таълимдиҳандагони низомии Амрико дар инфиҷори бами роҳ дар вилояти Қундуз кушта шудаанд. Дар натиҷаи инфиҷори дигари бами роҳ дар ҷануби Афғонистон 2 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Як нафар амрикоии дигар аз захми бардоштааш дар даргириҳои рӯзи душанбе дар шарқи Афғонистон бо шӯришиён даргузашт.
XS
SM
MD
LG