Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Обама бо Путин мулоқот мекунад


Имрӯз дар дуввумин рӯзи боздиди худ аз Маскав Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бори аввал бо Владимир Путин-нахуствазири Русия мулоқот мекунад. Қабл аз оғози ин боздид Обама гуфта буд, ки Путин як пои худро ҳанӯз дар даврони Ҷанги Сард нигоҳ медорад. Аммо рӯзи душанбе Обама изҳор дошт, ки омода аст бо Путин ва ҳамаи бахшҳои дигари бонуфузи ҷомеъаи Русия дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG