Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқоти Медведев ва Обама дар бораи коҳиши аслиҳа


Дмитрий Медведев ва Барак Обама-руасои ҷамоҳири Русия ва Амрико дар Маскав қатъномаеро дар бораи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ба имзо расонданд, ки он ҷойгузини Аҳдномаи соли 1991 дар бораи коҳиши аслиҳаи стротегӣ мебошад. Русия ва Амрико ба тавофуқ расиданд, ки дар давоми 7 соли оянда шумораи кулоҳакҳои ҳастаиро ба 1500-1675 адад расонанд. Аммо Медведев мегӯяд, ки ихтилоф дар бораи системи дифоъи зидди мушакӣ ҳамчунон боқӣ мемонад. Ҳайатҳои музокираи ҳар ду ҷониб дар бораи маҳдудияти шумораи ҳавопаймоҳои бомбафкан, минҳои заминӣ, мушакҳои киштиҳои зериобӣ, ки метвонанд кулоҳакҳои ҳастаиро ҳамл кунанд, гуфтугӯ хоҳанд кард. Шумораи чунин киштиҳо аз 500 то 1 100 адад хоҳад буд. Амрико ва Русия ҳамчунин дар бораи азсаргирии ҳамкориҳои низомӣ, ки моҳи августи соли гузашта баъд аз ҷанги Гурҷистон ва Русия муттаваққиф шуда буд, қарордод имзо карданд.
XS
SM
MD
LG