Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин нахуствазири зан дар Хорватия


Порламони Хорватия номзадии хонум Ядранка Косорро ба мақоми нахуствазирии ин кишвар ба тасвиб расонд. Ядранка Косор нахустин зан дар торихи ин кишвар аст, ки ба мақоми нахуствазирӣ мерасад. Хонум Косор дар ин мақом Санадерро иваз кард, ки ғайричашмдошт ҳафтаи гузашта аз мақомаш истеъфо дод. Вай дар ин мақом нисфи мӯҳлати пешбинишударо сипарӣ кард. Косор билофосила эълон кард, ки бояд дар роҳи рафъи бӯҳрони иқтисодӣ қадамҳои сареъ бардошта ва музокирот дар бораи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG