Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Урумчӣ 156 нафар кушта шудаанд


Матбуоти давлатии Чин мегӯяд, дар тазоҳуроти эътирозии шаҳри Урумчии вилояти Шинҷони Чин 156 нафар кушта, беш аз 800 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории давлатии Синхуа гузориш додааст, ки шумораи кушташудагон афзоиш меёбад. Тазоҳуркунандагон рӯзи якшанбе дар ин минтақаи аслан мусулмоннишин монеъаҳоро чаппа карданд, ба атрофиён ҳамла бурданд ва бо пулис вориди задухурд шуданд. Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар боздошт шудаанд. Ҳукумати Чин гурӯҳҳои муҳоҷири ӯйғурро барои чунин тазоҳуроти эътирозӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд ин гурӯҳҳо аз Чин истиқлол мехоҳанд ва мегӯянд, ки Чин ба фарҳанги онҳо эҳтиром намегузорад ва манобеъи табии онҳоро истифода мекунад. Аммо Асгар Кан-муовини раиси анҷумани ҷавонии уйғурҳои ҷаҳон чунин мегӯяд:
"Агар дар Туркистони шарқӣ тазоҳуроте рух диҳад, ҳукумати Чин ҳамеша Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳоро муттаҳам мекунад, ки онҳо тазоҳуротро созмон додаанд".

Асгар Кан меафзояд, ҳукумати Чин ба ҷои муттаҳам кардани анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо, бояд ба суханоне дар бораи душворииҳои мардуми уйғур гӯш диҳад.
XS
SM
MD
LG