Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, ҳафтуми июл, дар шаҳри Душанбе, як тарҳи нав, ки 1,8 миллион доллари амрикоиро ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод, расман муаррифӣ мешавад.

Дар ин маросим марҳилаи дуввум (2006-2008)-и барномаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон расман анҷом ва марҳилаи саввум (2009-2012)-и он расман оғоз хоҳад ёфт. Саидмӯъмин Камолов, роҳбари миллии барномаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ба сомонаи Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи нав, ки ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар назар дорад, аз ҷониби Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон пиёда хоҳад кард. Ҳадафи умумии ин тарҳ дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.



Интихоби соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои марҳилаи саввуми Лоиҳаро ҷаноби Камолов бо он асоснок мекунад, ки соҳаи мазкур дорои имконоти воқеъии рушд буда, метавонад дар ҷиҳати гуногунсозии содироти кишвар саҳми муносиб гузорад. Ӯ мегӯяд, ҳамчунин, ин соҳа метавонад барои мардум, махсусан аҳолии деҳот ва занон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад ва илова бар ин, Лоиҳа дар ҷиҳати татбиқ намудани талошҳои Ҳукумат барои боло бурдани ҳаҷми пахтаи коркардшуда дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳар чӣ бештар ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани он саҳми худро хоҳад гузошт. Ҷаноби Камолов гуфт, лоиҳа таваҷҷӯҳи худро ба дастгирии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар қабули як равиши стротежӣ барои рушди соҳа, беҳтар намудани вазъ ва иқтидори корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва ниҳодҳои хадамотрасони марбут ба ин соҳа ҷиҳати коркарди маҳсулот ва бозорёбӣ, ва ҳамчунин беҳбуд бахшидани зерсохтори идораи сифат равона хоҳад кард.

Натиҷаҳои марҳилаи дуввуми Барномаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон (2006-2008), ки соҳаи коркарди мева ва сабзавотро дар бар мегирифт, аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ пурсамар арзёбӣ гардидааст. Дар баҳогузории ниҳоии лоиҳа омадааст, баъзе аз натиҷаҳои он ҳатто бештар аз интизорот комёбона буданд. Дастёбии ду ширкати тоҷикии коркарди мева ва сабзавот ба гувоҳномаи байнулмилалии ИСО 22000, ширкати корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ, омодасозии озмоишгоҳҳои Тоҷикстандарт барои дарёфти муваҷҷизи байнулмилалӣ, таҳия ва нашри Феҳристи роҳнамои содиротии Тоҷикистон ва роҳандозии сомонаи интернетии он аз ҷумлаи мисолҳои фаъолияти муваффақонаи Лоиҳа дар марҳилаи дуввум зикр шудаанд.

Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) як ниҳоди муштараки Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони милал мебошад. Дар сомонаи расмии ин марказ омадааст, МБТ барои рушди содироти соҳибкории хурд дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мусоидат намуда, ба намояндагони бахши хусусӣ, ниҳодҳои дастгирии тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ дар ҷиҳати ҳалли муваффақонаи масоили марбут ба тиҷорат ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG