Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду президент дар нишасти хабарӣ аз дастовардҳои худ ситоиш карданд, вале мавҷудияти ихтилофотро низ тасдиқ намуданд.

Президент Обама дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президент Медведев, ки пас аз гуфтушунид баргузор шуд, чунин гуфт: "Мо ёддошти тафоҳуме дар замимаи созишномаи СТАРТ имзо кардем, ки теъдоди кулоҳакҳо ва расонаҳоро то сеяки маҳдудияти феълӣ камтар мекунад. Ин санади дорои ҳукми қонун бояд то поёни сол иҷро шавад."

Ҳамчунин Русия ба интиқоли нерӯ ва таслиҳоти Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон аз тариқи роҳҳои ҳавоии худ иҷоза дод. Президент Обама ин ризоияти раҳбари Русияро саҳми ҷиддие дар мубориза бо терроризм номид.Худи Медведев гуфт: "Мо талошҳои Иёлоти Муттаҳидаро дар Афғонистон дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигар ба хотири пешгирӣ аз терроризм маъқул медонем, вале бадбахтона, чунин таҳдид ҳамоно аз ҳудуди Афғонистон меояд. Мо ба ҳамкории тамому комил бо амрикоиҳо ва дигар шарикон, аз ҷумла дар бобати транзит омодаем. Мо омодаем дар масъалаҳои гуногун кӯмак кунем."

Ҳарду президент инчунин мавҷудияти ихтилофот дар мавзеъгирии ду кишварро низ тасдиқ карданд. Медведев гуфт, назари ду кишвар дар масъалаи дифоъи зиддимушакӣ гуногун боқӣ мемонад ва Обама гуфт, Амрико дар масъалаи Гурҷистон вазъи феълиро пазируфта наметавонад, истиқлолият ва тамомияти арзии Гурҷистон бояд эҳтиром шавад ва ӯ намехоҳад, дигарбора дар ин минтақа нооромие ба амал ояд.

Аз президент Обама пурсида шуд, ки таассуроти ӯ аз ҳамтои русаш Дмитрий Медведев чигуна аст. Обама гуфт, таассуроти хеле хуб гирифт ва Медведевро як шахси ҳирфаӣ ва сазовор мешуморад. Ба идомаи пурсиш, ки оё таассуроти Обама чӣ гуна аст, Медведев кишварро идора мекунад ва ё сарвазир Путин.

Обама дар посух гуфт, Медведев ва Путин дар якҷоягӣ хеле хуб кор мекунанд, аммо президент Медведев президент аст ва сарвазир Путин сарвазир.

Аз президент Медведев пурсида шуд, оё ду кишвар хоҳанд тавонист, тавозуни ҳастаиро дар ҷаҳон нигоҳ доранд. Ва изҳори умедворӣ кард, ки хоҳанд тавонист ва ин масъулияти ду тараф аст, ки ба пойгаи нави ҳастаӣ ва таслиҳотӣ роҳ надиҳанд.

Президент Обама дар ин робита ба барномаи ҳастаии Эрон ишора кард ва гуфт, агар Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, дар тамоми Ховари Миёна як сабқати силоҳи ҳастаӣ шурӯъ хоҳад шуд. Обама гуфт, аз пешрафти феълӣ хушҳол аст ва орзу дорад, таслиҳоти ҳастаии ду кишвар то сеяки захираҳои ҳозира камтар шавад. Обама аз Кореяи Шимолӣ интиқод кард, ки ӯҳдадориҳои худро муроот намекунад. Вай афзуд, мехоҳад дар соли оянда як нишасти ҷаҳонии саронро бахшида ба масъалаҳои ҳастаӣ баргузор кунад.

Хабарнигори Ройтерз аз ҳарду президент пурсид, ки ихтилофи назарҳои ду кишвар дар масъалаи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо оё рӯзе ҳалли худро хоҳад ёфт?

Посухи ҳарду раҳбар ин буд, ки гуфтушунидро дар ин масъала идома хоҳанд дод. Обама ваъда дод, ин тарҳро то поёни тобистон мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG