Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Русия ва ИМА 8 созишро имзо карданд


Дар поёни рӯзи аввали музокироти ҳайатҳои Русия ва ИМА таҳти раёсати сарони ин ду кишвар дар Кремл 8 қарордод, аз ҷумла, дар бораи интиқоли нерӯ ва таслиҳоти амрикоӣ ба Афғонистон аз тариқи ҳарими ҳавоии Русия имзо шуд. Дмитрий Медведев ва Барак Обама ҳамчунин дар мавриди таҳияи Паймони нави коҳиши силоҳи стротегӣ ба тавофуқ расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҷонибҳо қасд доранд, ки теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаиро тақрибан ду баробар – то 1500 ваё 1675 адад коҳиш диҳанд.
Қарор аст, ки Обама рӯзи сешанбе бо сарвазири Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Ҳамчунин мулоқоти Барак Обама бо намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Русия дар назар аст.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бо як сафари расмӣ рӯзи душанбе вориди Маскав шуд.Ҳамроҳ бо ӯ хонумаш Мишел ва ду духтараш низ ба Маскав омадаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Мишел Обама ва Малияву Саша ҳамроҳ бо Светлана Медведева, хонуми раисиҷумҳури Русия, аз осорхонаҳои Кремл, аз ҷумла, Палатаи силоҳ ва "Алмазный фонд" дидан карданд.
XS
SM
MD
LG