Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол беш аз 50 ҳазор хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар таҳсилро тарк кардаанд.

Аксарияти ин теъдод баъди хатми синфи нуҳум таҳсилро қатъ кардаанд ва иддаи дигар фарзандони хонаводаҳое мебошанд, ки мушкилоти фақри хонаводагӣ доранд ва ба хотири таъминоти модии хонаводаи хеш вориди бозори меҳнат шудаанд. Тибқи иттилои Вазорати маориф, ин ҳолат бештар дар минтақаҳои кӯҳистон ба қайд гирифта шудааст.

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, мавридҳои аз таҳсил дур мондани хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ асосан дар навоҳии кӯҳистон мушоҳида мешавад, ки нигаронкунанда аст.

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, агар худи волидон ҷиҳати ба мактаб барогардонидани фарзандони худ иқдом накунанд, вазорати маориф дар ҳамкори бо мақомоти додситони тадбирҳои ҷиддӣ хоҳанд андешид ва онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, як сол пеш беш аз 27 ҳазор хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф аз таълим дар канор монда буданд. Шумори чунин афрод дар соли таҳсили равон ҳудуди ду баробар афзоиш ёфтааст ва аксаран аз ҳисоби духтарон. Фақру нодорӣ як далели аслии аз мактаб канор мондани атфол маҳсуб шуда, бештари онҳое, ки аз идомаи таҳсил даст мекашанд, машғули корҳои деҳқонӣ ё ягон кори сиёҳ мешаванд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ки роҳи ҳалли мушкил ба ҷавобгарӣ кашидани волидайни хонандагони мактабро қатъкарда мебошад
Далели дигари аз мактаб дур мондани духтарон манъи ҳузури онҳо бо ҳиҷоби дар макотиби Тоҷикистон низ будааст. Аммо Шаҳноза, як нафар аз ҳамсӯҳбатони мо, мегӯяд, ки ба далели шароити танги волидонаш, аллакай баъд аз хатми синфи як мактабро партофтааст. Вай меафзояд, «шароитамон нарасид, ки мактаб хонам. Ҳамсолони ман хонданд, тамом карданд. Ман 18-сола мешавам, вале номи худамро навишта наметавонам».

Шаҳноза ҳатто номашро навишта ва имзо ҳам гузошта наметавонад. Ин корро ба ҷойи ӯ дугонаҳо ва ё волидонаш анҷом медиҳанд. Дар ҷомеаи феълии Тоҷикистон даҳҳо Шаҳнозаҳо имкони таҳсилро надоранд. Пас дар ҳоле, ки сол то сол теъдоди хонандагони аз таҳсил дур монда боло меравад, оё ин ҳолат ба ояндаи ҷомеа таъсир гузошта наметавонад?

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки роҳи ҳалли ин мушкил ба ҷавобгарӣ кашидани волидайни фарзандон аст. Оқои Раҳмонов барои волидон ҷаримаро ҳамчун муҷозот пешниҳод мекунад. Аммо дар мавриди он, ки соли гузашта чӣ қадар падару модарон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, вазири маориф гуфт, ки омори дақиқ дар даст надорад.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кулоб чаҳор хонавода аз сабаби он, ки фарзандонашон аз таҳсил дар мактаб барканор монда буданд, аз тарафи додситонии минтақа ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва то 2500 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Аммо таҳлилгари ҷавон Хайруллоҳи Абдуваҳҳоб ин пешниҳоди Вазорати маорифро бенатиҷа мехонад ва мегӯяд, дар ҳоле, ки ин хонаводаҳо тавони бо 100-200 сомонӣ харидани сарулибос ва ашёи мактабиро надоранд, имкони пардохти пули чунин ҷаримаи ҳангуфтро нахоҳанд дошт.

Вай гуфт, «ба ҷавобгарӣ кашидан ва ҷарима ситонидан роҳи ҳал нест. Беҳтараш Вазорати маориф омӯзгорони таҷрибадори мактабҳои миёнаро ба ҷойи корашон баргардонад, маоши онҳоро беҳтар кунад. Чунки ин устодон метавонанд бо сухани тарбиявӣ, насиҳат ва таҷрибаи чандинсола хонандагонро ба мактаб дилгарм кунанд».

Ин таҳлилгар муътақид аст, ки танҳо дар сурати раҳоии бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон аз вартаи фақр метавон ба беҳбуди вазъ дар амри ҷалби духтарон ба таҳсил низ даст ёфт. Бо ин ҳол, таҳқиқоти ахири ЮНЕСКО - идораи илму фарҳанги СММ ҳокист, ки дар Тоҷикистон то 30 дарсади хонандагони синни мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили 2008-2009 дур аз таълим мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG