Пайвандҳои дастрасӣ

Муносибати давлат бо дин: беҳтар ё бадтар?


Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили динӣ

Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили динӣ

Сӯҳбат бо Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили динӣ, дар бораи муносибати феълии давлат бо дин дар Тоҷикистон.

Озодӣ: Қаблан дар ин фикр будед, ки вазъи муносибати давлат бо дин дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа беҳтар аст. Ҳанӯз ҳам дар ин мавқеъ ҳастед, ё бо ишора ба мушкилоти матруҳа миёни давлат бо дин дар чанд соли ахир назари худро тағйир додаед?

Раҳнамо: Бале, ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки вазъи муносибат бо дин дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигар дар минтақа беҳтар аст. Ин ҷо се масъалаи ҷиддӣ аст, ки рӯйи онҳо каме таваққуф мекунем. Аввалан, масъалаи ҳуқуқӣ. Чизе, ки мо авзоъи динӣ, ҳолати дин, ҳолати муносибати дину давлатро андозагирӣ мекунем, пеш аз ҳама, қонунгузорӣ аст.

Дар қонунгузории Тоҷикистон нуктаҳои муҳиме ҳаст, ки мешавад онҳоро ҳамчун нуктаҳои бартарӣ ва мусбат ё бисёр мусбат арзёбӣ кард. Шумо агар Қонуни асосии Тоҷикистонро ҳамчун меъёри аслии муносибати дину давлат арзёбӣ карда, вақте банди 8-и онро мебинед, хеле муносибати мӯътадилу хубро пешниҳод мекунад. Бандҳои 26 ва 28 низ. Ҳамчунин бандҳо дар Қонуни асосии кишварҳои дигар дар минтақа нестанд.

Вале дар ҳамин масъалаи ҳуқуқӣ, мутасссифона, қадами “ноҷо”-е гузошта шуд. То дуввуми апрел, яъне, то замони қабул шудани қонуни нави Тоҷикистон дар бахши дин воқеъан вазъият аз назари ҳуқуқӣ беназир буд. Аммо қонуни нави дин аз як сӯ як ҷанбаи мусбат дошт, ки он асли ҷудоии дин аз давлат, ки дар ин қонун боқӣ монда буд, аз байн бурд. Дар қонуни нав ин нукта нест. Агарчӣ дар Қонуни асосӣ аз соли 1994 набуд.

Ин пешрафт аст. Дигар аз ин асли ҷудоиангезу ваҳдатшикан мо дур шудем. Ва аммо дар айни замон муносибати дину давлат ин қадар наздик шуд, ки барои фарҳанги сиёсии имрӯзаи мо чандон одӣ нест. Масалан, бисёре аз масъулиятҳои танзими равандҳои динӣ ва танзими фаъолияти ташкилоти диниро ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқат ва ё таъйиди мақомоти расмӣ марбут карданд. Ҳамин ҷо ҷоест, ки агар ҷудоии ташкилоти динӣ аз давлатро асл қарор диҳем, то ҳадде як таззод дар худи қонунгузорӣ ба вуҷуд омад.

Озодӣ: Бубинед, мегӯед, ки Қонуни асосӣ муносибати хуби давлат бо динро пешбинӣ мекунад, вале қонунҳои дигар садди он мешаванд. Мавҷудияти чунин як зиддият ё ихтилоф дар худи қонунгузорӣ боиси боз ҳам бад шудани муносибати давлат бо дин нашудааст?

Раҳнамо: Дар кишвари мо меъёр Қонуни асосӣ аст. Агар воқеъан аз назари ҳуқуқӣ исбот карда шавад, ки ин ё он ҷойи қонуне, қароре ва ё фармоне бо Қонуни асосӣ мухолифат мекунад, ба таври автоматӣ Қонуни асосӣ амал мекунад.

Гуфтаниям, ки то кунун шоҳид нашудем, ки ин гуна баҳсҳо то сатҳи ҳуқуқӣ расанд. Ҳамеша баҳсҳои эҳсосӣ, баҳсҳои сиёсишударо мо мебинем. Ва ин нишонаи он аст, ки натанҳо мақомоти расмии соҳаи дин, балки рӯҳониён, фаъолони динӣ ҳам маърифати ҳуқуқӣ надоранд тақрибан. Дар шакли эътирозу қаҳру баёния ҳарфи худро мегӯянд, вале дар шакли хулосаи ҳуқуқӣ маъмулан ҳарфҳояшонро ироа намекунанд. Ин як мушкили бисёр муҳими худи ҷомеаи динӣ ҳам ҳаст.

Муҳим ин аст, ки қонунҳо суботро, рушдро, ҳамзистиро таъмин кунанд. Барои ҳамин меъёр ин аст, ки агар тафсири дунявият, танзими қонун ба субот ва ҳамзистӣ мусоидат кунанд, дуруст аст.

Озодӣ: Мо дар бораи вазъи муносибати давлат бо дин ва пешбиниҳои қонунгузорӣ дар ин бора гуфтем. Вале, агар мушаххас карда гӯем, ин муносибат нисбат ба солҳои пешин то куҷо беҳтар шудааст ва то куҷо бадтар?

Раҳнамо: Мушаххасан ин ки муносибати давлат бо дин дар сатҳи боло хеле ақлонӣ шудааст. Хеле мантиқӣ шудааст. Зеро давлат дигар худро фиреб намедиҳад, ки дин аз давлат ҷудост ва дин кори давлат нест ин як соҳаи дигар аст.

Давлат ҳамчун масъули суботу амният ба натиҷае расидааст, ки нисбат ба дин бетафовут буда намешавад. Нисбат ба ин ки маърифати диниро мардум дар куҷо мегирад, чи гуна маърифат мегирад ва бо чӣ роҳ мегирад, оқибати он чӣ аст; нисбат ба ин ки гурӯҳҳои динӣ чӣ кор мекунанд, ниҳояти корашон чист барои амнияту суботи Тоҷикистон. Дигар бетараф буда наметавонад. Яъне, ин нишонаи ақлонӣ шудан аст.

Дуввум, худи арзишҳои диниро дар таҳкими суботу ваҳдат истифода менамояд. Эълони соли Имоми Аъзам ин фақат як эълони ташрифотӣ нест. Соли Имоми Аъзам, ин яъне дар атрофи як арзиши умумӣ муттаҳид кардани мардум аст, ки бидуни баҳс тақрибан 97 дарсади сокинони Тоҷикистон онро қабул доранд. Яъне, ин иқдом ҳам арзиши имонӣ-фарҳангӣ дорад, ҳам арзиши сиёсӣ-амниятӣ. Воқеъан баъд аз қабули қарор дар ин бора назари бисёре аз рӯҳониён ва мардум ба ҳукумат хеле нармтар шуд. Ин ҷойи баҳс надорад. Ва ин нуктаҳои мантиқӣ шудан аст.

Вале чизе ки бори дигар эҳсос мекунам, ин аст, ки барои чунин гардиши муҳим дар сиёсат потенсиали фикрӣ, потенсиали кадрӣ тақрибан нест. Масалан, ҳамонҳое, ки дар соҳаи дин назари комилан дигар доштанд, боз имрӯз наметавонанд назари дигар дошта бошанд. Барои ҳамин, дар сатҳи миёна ва поёнӣ гардиши ҷиддие, ки дар сиёсати давлат нисбати дин шудааст, чандон дарк намешавад.

Озодӣ: Пас, ин ҷо мешавад гуфт, ки модели муносибати давлат бо дин дар Тоҷикистон ниёз ба бознигарӣ дорад?

Раҳнамо: Фикр мекунам, аслан модели муносибати давлат бо дин дар Тоҷикистон, ки як модели Шӯравӣ ҳасту он идома дорад, бояд комилан таҷдид шавад. Аз ду назар бояд таҷдид шавад. Аввалан аз назари сохторӣ. Яъне мо аз тариқи доштани гурӯҳи ба номи рӯҳониёни расмӣ, ки ҳич нуфузе дар даруни муҳити динӣ надоранд, дигар наметавонем равандҳои динӣ дар кишварро на контрол кунам ва на самт бидиҳем. Чунки берун аз рӯҳониёни расмӣ рӯҳониёни бисёр бонуфуз, қутбҳои бонуфузи динӣ падид омаданд, ки акнун онҳо муҳити диниро мазмун медиҳанд, самт медиҳанд. Яъне ин сохтор дигар нақши худро наметавонад иҷро кунад.

Дуввум, аз назари арзишӣ. Ба ин маънӣ, ки ҳамин дин чи ҷузъе аз фарҳанг аст ё рақиби сиёсӣ аст, бояд як баҳои сиёсиву арзишӣ додан даркор аст.

Озодӣ: Бисёриҳо ба ин боваранд, ки муносибати давлат бо дин дар Тоҷикистон духӯра ё дугона аст. Раисиҷумҳур дар минбарҳои баланд аз дину диндорон пуштибонӣ мекунад, вале ниҳодҳои расмӣ бо дину диндорон бархӯрди дигаре доранд. Назари Шумо чӣ аст?

Раҳнамо: Ин баҳси Консепсияи сиёсати давлат роҷеъ ба дин аст. То замоне ки як консепсияи муайян нест, ҳар корманд мувофиқи фаҳми худ рафтор мекунад. Масалан, ҳамин қонуни танзими расму оинҳо, ки ба мавзӯъи дин сахт рабт мегирад, дар як ноҳия ба таври комилан дигар амалӣ шавад, дар ноҳияи дигар ба таври дигар. Дар як ноҳия мегӯянд, ки хӯрок хӯрдан дар масҷид манъ аст, аммо дар ноҳияи дигар чунин нест. Яъне, то замоне консепсияи муайян навишта нашавад, ин мушкил ҷой хоҳад дошт.

Озодӣ: Ташаккур, аммо ба муносибати диндорон ба давлат чӣ мегӯед? Бархӯрди онҳо бо давлат чӣ гуна аст?

Раҳнамо: Муносибати диндорони мо ба давлат, агар аз рӯйи инсоф гӯем, бад нест. Мо агар гурӯҳҳои асосии бонуфузи диниямонро бигирем, масалан, рӯҳониёни анъанавӣ. Рӯҳониёни анъанавӣ бо давлат ҳич мухолифати усулӣ надоранд. Дуо ҳам мекунанд. Онҳо аслан консепсияи сиёсӣ надоранд.

Гурӯҳи исломиёни сиёсӣ, масалан, Ҳизби наҳзати исломӣ ва рӯҳониёне, ки ба ин раванди сиёсии исломӣ наздиканд. Онҳо чун марҳилаи ҷангу сулҳро гузаштанд, имрӯз дар дарки аҷибе ҳастанд, ки билахира бояд давлати миллиро ҳимоя кард ва тақвият дод. Онҳо низ бо будани ин сохт бо давлат ихтилофи усулӣ надоранд. Ва рӯҳониёни расмӣ, ки дигар тақрибан дастгоҳи наздидавлатӣ ҳастанд.

Танҳо чанд гурӯҳи хурде, ки ман ҳатто ба буданашон шакк дорам, бо усулҳои конститутсионии давлат мухолифанд ва онҳо муайянкунандаи назари муҳити динии мо нестанд. Барои ҳамин, ман вазъиятро хеле солим мебинам аз тарафи диндорон, ки аксаран бо давлат ҳамчун давлат, ҳамчун низом ва давлати миллӣ ихтилофи усулӣ надоранд. Ин як неъмат аст. Ин як фурсат аст, ки давлат бояд ба истиқбол равад. Ва дар асоси ҳамин нигоҳи неки диндорон ваҳдатро амиқтар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG